Ссылки доступа

Мотами ӯзбекистониҳо барои марги Каримов идома дорад


Рӯзи шанбе дар Ӯзбекистон маросими дафни Ислом Каримов, президенти нахустини ин кишвар баргузор шуд. Каримовро дар қабристони таърихии Шоҳи Зиндаи шаҳри Самарқанд, дар канори оромгоҳи волидайнаш ба хок супориданд.

Ин маросим бо иштироки ҳазор одам барпо ва дар Ӯзбекистон се рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Ҳамчунин дар мактабҳои ин кишвар "дарси ёдбуд"-и Каримовро хоҳанд хонд.

Маросими видоъ дар қасри Ислом Каримов оғоз шуда, дар он намояндагони 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон, Куриёи Ҷанубӣ, Белорус ва Украина ширкат карданд. Владимир Путин, президенти Русия ба иллати банд будани ҷадвали корияш ба ҷанозаи Каримов наомад. Ҳайати Русияро дар ин маросим сарвазир Дмитрий Медведев раҳбарӣ кард.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз се фарзанди Каримов танҳо духтари хурдиаш Лола Каримоваи 38-сола дар маросими видоъ ҳузур доштааст. Писараш Петр (муқими Лондон) ва духтари бузурги ӯ Гулнора Каримоваро, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, надидаанд.

XS
SM
MD
LG