Ссылки доступа

Интерпол гуфтааст, ки Кабириро меҷӯяд


Интерпол ё пулиси байналмилалӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро расман таҳти пайгард қарор додааст.

Дар саҳифаи расмии Интерпол ду аксу муаррифиномаи кӯтоҳи Кабирӣ нашр шуда, ӯ дар "терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ" айбдор мешавад. Пулиси байналмилалӣ гуфтааст, раиси ҲНИТ-ро бо дархости мақомоти Тоҷикистон меҷӯяд.

Кабирии 51-сола, ки Интерпол ӯро зодаи ноҳияи Ваҳдат хондааст, аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ ба сар мебарад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ӯ дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ бурдааст.

Муҳиддин Кабирӣ дар натиҷаи интихоботи порлумонии соли гузашта, ки дар он ҲНИТ ду курсии худро аз даст дод, кишварро тарк карда, то боздошти ҳамҳизбонаш дар моҳи сентябри соли гузашта муқими Туркия буд.

17 сентябри соли гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ӯро ба даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, айбдор донист.

Дар ҳоли ҳозир 342 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди Интерпол ҳастанд, ки 275 нафари онҳо ба узвият дар гуруҳҳои ифротгарову террористӣ муттаҳам мешаванд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳукуматҳои худкома пулиси байналмилалиро ба як василаи таъқиби мухолифони худ ва дигарандешон табдил додаанд.

XS
SM
MD
LG