Ссылки доступа

Владимир Путин ба Самарқанд меояд


Президенти Русия Владимир Путин барои гиромидошти хотири президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Самарқанд сафар мекунад. Дар ин бора худи Путин хабар додааст.

"Фикр мекунам, ман фардо ҳатман барои адои эҳтиром хоҳам рафт", - гуфтааст Владимир Путин. Вай ҳамчунин афзудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои ояндаи Русияву Ӯзбекистон умедвор аст.

"Ман умедворам, ки ҳамаи он чи ки Ислом Каримов дар барқарории муносиботи ду кишвар анҷом дод, ҳифз мешавад ва густариш меёбад. Ислом Каримов барои мустақилияти Ӯзбекистон кори зиёде кард", - гуфтааст президенти Русия.

XS
SM
MD
LG