Ссылки доступа

Дар Кобул дар як рӯзи охир чаҳор таркиш рух дод


Дар шаҳри Кобули Афғонистон дар як шабонарӯзи охир чаҳор таркиш рух додааст. Дар бораи кушташудаҳо ва маҷруҳон то кунун иттилои дақиқ нарасидааст.

Дар маркази Кобул муқовимати нерӯҳои пулис бо ҷангҷӯён, ки ба намояндагии яке аз созмонҳои хайрияи ҷаҳонӣ ҳамла карданд, идома дорад.

Танҳо дирӯз дар Кобил се таркиш рух дод. Дар натиҷа 24 нафар кушта ва 91 тани дигар маҷруҳ шудааст. Миёни кушташудаҳо як генерал ва ду афсари баландпояи пулис низ будааст.

Масъулияти ин таркишҳоро ҳаракати "Толибон" ба зима гирифтааст.

XS
SM
MD
LG