Ссылки доступа

Мудири кулли "Вимпелком"-и Русия дар фасодкорӣ айбдор мешавад


Роҳбарияти ширкати VimpelCom Ltd.-и Русия хабар дод, ки Михаил Слободин, мудири кулли ширкатро ба истеъфо фиристодааст. Қарори истеъфои мудири кулл баъди пайдо шудани хабарҳо дар мавриди даст доштани Слободин ба парвандаи ришвахорӣ қабул шудааст.

Пештар аз ин дар Москва мудири иҷроияи гуруҳи ширкатҳои "Ренов" Евгений Олховик ва мудири кулли ширкати "Т Плюс" Борис Вайнзихер боздошт шуда буданд. Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки Слободинро дар робита ба парвандаи фасодкории роҳбарияти пешини Ҷумҳурии Коми ҷустуҷӯ мекунад.

Слободин ба расонаҳо хабар додааст, айни замон бо як сафари хизматӣ дар Фаронса аст ва ният дорад, то охири ҳафта ба Русия баргашта ба ҳамаи суолҳои тафтишот посух гӯяд.

"Вимпелком" молики тамғаи тиҷоратии ширкати мобилии "Билайн" аст, ки дар чанде аз кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, хадамоти мобилиро бар роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG