Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев: ҳамкориҳои стратегии Ӯзбекистон бо Русия тақвият меёбанд


Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин, ки 6 сентябр дар Самарқанд доир шуд, гуфт, робитаи мутақобил бо Русия барои Ӯзбекистон "ҳамкории стратегӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд".

Путин барои гиромидошти ёди Ислом Каримов ба Ӯзбекистон омада буд.

Сарвазири Ӯзбекистон гуфт, сафари Путин ба кишвараш барои мардуми ӯзбек аҳамияти зиёд дорад.

"Дар солҳои охир миёни ману Ислом Каримов муносибатҳои хуби шахсӣ ба вуҷуд омада буд. Вай барои ҳамкориҳои дуҷониба хеле заҳмат кашида буд. Умедворем, ки заҳматҳои Ислом Каримов идома хоҳанд кард. Метавонед ба мо ба таври комил, ҳамчун ба дӯстони содиқ такя кунед", - гуфтааст Путин ба Шавкат Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG