Ссылки доступа

Паёми таҳдидомези Гулмурод Ҳалимов


Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи паёмҳои таҳдидомези сардори пешини ОМОН-и кишвар Гулмурод Ҳалимов пардохтаанд.

Хабар дода мешавад, ки Ҳалимов гуфтааст, сарбозонро бо 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон "табрик" хоҳад кард. Таҳдидҳо дар шакли паёмак ба телефонҳои мобилӣ ирсол шуда, зераш номи Ҳалимов зикр гардидааст.

Пештар аз ин хабар дода мешуд, ки Ҳалимов фармондеҳи нави гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" таъин шудааст.

Департаменти давлатии ИМА 30 август хабар дод, ки Гулмурод Ҳалимов дар гуруҳи тундгарои ДИ ба яке аз фармондеҳони калидӣ табдил шудааст. ИМА барои иттилоъ дар мавриди макони ҷойгиршавии вай 3 миллион доллар ваъда кард.

Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ба сафи "Давлати исломӣ" пайваст. Гуфта мешавад, вай то кунун дар ҷангҳои Сурия ду маротиба маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG