Ссылки доступа

Ҷароҳати занону кӯдакон дар натиҷаи бомбаборони ахири Ҳалаб


Фаъолони Сурия ва кормандони хадамоти наҷотдиҳии муқими шаҳри Ҳалаб мегӯянд, нерӯҳои ҳавоии ҳукумати президент Башор Асад минтақаҳои сераҳолии шаҳрро ҳадафи бомбаҳои эҳтимолан газдор қарор додаанд.

Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо даҳҳо сокини Ҳалаб осеб дидаанд. Қаблан низ ҷонибҳои даргири Сурия дар он айбдор шуда буданд, ки моддаҳои газдору заҳролуд истифода мебаранд. Вале ҳар ду ҷониб кор гирифтан аз моддаҳои мамнуъро рад мекунанд.

Моҳи гузашта дасти кам ду бор хабар доданд, ки дар задухурдҳои Ҳалаб аз моддаҳои газдор истифода шудааст. Дар ҳамин ҳол, режими Башор Асад тасдиқ кард, ки аз газҳои заҳролуд гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин кор мегиранд.

Гузориши тиббӣ аз натиҷаи бомбаборони ахири Ҳалаб рӯзи сешанбе ба воситаи паёмак дастраси рӯзноманигорон шуд. Ҳоло табибон ба беш аз 70 зарардида, аз ҷумла занону кӯдакон, ки бо нишонаҳои нафастангиӣ бистарӣ шудаанд, ёрии тиббӣ мерасонанд. Вазъи даҳ нафари онҳо, аз ҷумла як зани ҳомила вазнин арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG