Бар пояи моддаи 96-и Конститутсияи Ӯзбекистон, "ҳангоми вафот ё истеъфои президент вазифаҳои ӯ то интихоби президенти нав ба зиммаи раиси Сенати олии Маҷлиси ин кишвар вогузор ва се моҳи оянда тибқи қонун "Дар бораи интихоби президенти Ӯзбекистон" интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир, раиси Сенати олии Маҷлиси Ӯзбекистон Неъматуллоҳ Юлдошев аст.
Марги Ислом Каримов расман 2 сентябр эълон шуда, 3 сентябри соли равон ӯро дар шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.