Ссылки доступа

Бозиҳои паролимпӣ дар Рио оғоз шуд


Дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бозиҳои пароломпӣ оғоз ва расми ифтитоҳи он 7 сентябр дар майдони "Маракан", ки ҳамагӣ се ҳафта пеш дар он оташи Бозиҳои тобистонаи олимпиро хомӯш карда буданд, оғоз шуд.

Бозиҳои паролимпии Рио аз 7 то 18 сентябри соли равон баргузор мешавад ва дар он наздики 4 ҳазор варзишгар аз 161 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Миёни варзишгарони машҳури бозиҳои мазкури паролимпӣ исми вазнбардори эронӣ Сиаманд Раҳмон, давандаи маъюби бритониёӣ Дэвид Уэйр ва варзишгари нобинои чинӣ Лю Чуйтсин ҳам ҳаст. Ҳамчунин қарор аст, Шаҳрад Насаҷпур, дискандози эронии муқими Иёлоти Муттаҳида ва Иброҳим ал-Ҳусайнӣ, шиновари суриягӣ, ки дастаи гурезаҳоро намояндагӣ мекунад, ширкат варзанд.

XS
SM
MD
LG