Ссылки доступа

Нишасти изтирории ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар Бишкек


Ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯяд, як ҳавопаймояш 7 сентябр ҳангоми парвоз аз шаҳри Бишкек ба Душанбе маҷбур шудааст, аз масираш ақиб гашта, дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас"-и Қирғизистон ба замин нишинад.

Як манбаъ дар “Тоҷик Эйр” рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳавопаймои Боинг-757-231- баъди ним соати парвоз дар масири Бишкек -- Душанбе ба иллати "нуқси техникӣ" ба фурудгоҳи “Манас” баргаштааст.

Ҳоло мутахассисон ин "нуқсони техникӣ"-ро бартараф карда, ҳавопайморо барои парвоз омода месозанд. Дар ин ҳодиса касе аз мусофирон ё ҳайати экипаж осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуотии фурудгоҳи "Манас" гуфтааст, ки далели фуруди изтирории ҳавопаймоии Тоҷикистон маълум нест. "Дар ин гуна шароит, ширкати мусофирбар бояд мусофиронро бо ғизо ва дар сурати зарурат бо меҳмонхона таъмин кунад. Аммо мусофирони ин хатсайр дар толори фурудгоҳ мунтазир монданд", -- афзудааст манбаъ.

XS
SM
MD
LG