Ссылки доступа

Маоши вакилони ҷаласагурези қирғиз бурида мешавад


Интизор меравад, минбаъд вакилони Жогорку Кенеши Қирғизистон, ки бидуни асос ба ҷаласаи порлумон намеоянд, муҷозот шаванд.

Дар ин бора Алмамбет Шикмаматов, муовини раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои судию ҳуқуқӣ ва низомномаи порлумони Қирғизистон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, масъалаи мазкур 13 сентябр зимни ҷаласаи Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои судию ҳуқуқӣ ва низомномаи Жогорку Кенеш баррасӣ мешавад, ки қарор аст, дар он ҳузур надоштани вакилон дар ҷаласаҳои порлумонии моҳи июнро муҳокима кунанд.

"Пешниҳод доранд, ки ҳамчун ҷазо қисме аз маоши вакилон бурида шавад", - афзудааст Шикмаматов. Қаблан порлумони Қирғизистон барои ҳузури шумораи ками вакилонаш дар ҷаласаҳо мавриди интиқод қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG