Ссылки доступа

Президент Бердимуҳаммадов шашумин китобашро дар соли ҷорӣ нашр кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шашумин китобашро дар соли ҷорӣ навиштааст. Вай ин китобро ахиран дар ҷаласаи ҳукуматӣ муаррифӣ кардааст. Ин китоб зер иноми "Мусиқии сулҳ, мусиқии дӯстӣ ва бародарӣ" нашр ва ба яке аз мусиқисозони туркман - Шукур-бахшӣ бахшида шудааст.

Ба гуфтаи президент, "Шукур-бахшӣ нафаре буд, ки талош мекард ҳатто мушкилтарин масъалаҳо бо роҳи сулҳ ҳал шаванд". Президент дастур додааст, ки китобаш то Маҷлиси куҳансолони Туркманистон, ки қарор аст, 14 сентябр баргузор шавад, нашр гардад.

Ёдрас мешавем, ин шашумин китоби Қурбонгулӣ аст, ки дар соли ҷорӣ нашр мешавад. Вай пештар дар бораи суханҳои ҳикматнок, дар бораи чой, аспҳои ахалтека, дар бораи ҳунари қолифобӣ ва дар бораи растаниҳои шифоии Туркманистон китоб навишта буд.

XS
SM
MD
LG