Ссылки доступа

Як масҷиди қадимии Ӯзбекистонро ба номи Ислом Каримов гузоштанд


Дар Тошканди Ӯзбекистон масҷиди қадимии "Ҷӯрабек"-ро тахриб ва дар ҷояш масҷиди нав сохта ба номи Ислом Каримов гузоштаанд.

Ин хабарро духтари Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст. Масҷиди "Ҷӯрабек" дар соли 1897 бунёд шуда буд.

Лола Каримова мегӯяд, сохтмони масҷиди нав бо пули вай ва шавҳараш Тимур Тиллоев сурат гирифтааст.

"Бо пешниҳоди олимони динӣ ва ҷомеа қарор шуд, ки масҷид номи "Ислом-ота"-ро бигирад", - навиштааст Лола.

Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов 2 сентябри имсол дар пайи бемории сактаи мағзӣ вафот кард. Вай 78 сол дошт.

XS
SM
MD
LG