Ссылки доступа

Зидди соҳиби "Шимкентпиво" бар пояи 16 модда айб эълон кардаанд


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баррасии парвандаи Тохтар Тулешов, соҳибкори маъруф ва молики ширкати "Шимкентпиво", ки дар кӯшиши ғасби ҳукумат айбдор мешавад, оғоз шуд.

Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ дода, мегӯянд, мурофиаҳои Тулешов дар Додгоҳи низомии байниноҳиявии пойтахти Қазоқистон пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт.

Зидди ин соҳибкори қазоқ бар пояи 16 модда, аз ҷумла "Даъват барои ғасб ё ҳифзи ҳукумат" парванда боз кардаанд.

Соҳиби ширкати "Шимкентпиво"-и Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон бо гумони сармоягузории гуруҳи ҷиноӣ, истеҳсол, коркард ва нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуда буд.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаҳои матни иқрори Тулешов нашр гардид. Парвандаи ӯ, ки ба додгоҳи низомӣ ирсол шудааст, аз 300 ҷилд иборат буда, дар доираи он беш аз 100 нафар ба ҳайси шоҳид иштирок мекунанд. 13 гумонбари парвандаи мазкур ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG