Ссылки доступа

Коргоҳи истеҳсоли силоҳи кимиёвии ДИ дар Ироқ маҳв шуд


ИМА хабар медиҳад, ки нерӯҳои ҳавоияш дар Ироқ "хатари бузурги кимиёвӣ"-ро маҳв кардаанд. "Давлати исломӣ" ин корхонаро дар ихтиёр дошт.

Корхонаи мазкур дар наздикии шаҳри Мосули Ироқ ҷойгир буд.

Генерали амрикоӣ Ҷеффри Хэрриҷин мегӯяд, ДИ дар ин коргоҳ аз хлору газ силоҳи кимиёвӣ истеҳсол мекард. Таҳқиқоти СММ ҳам собит карда буд, ки ДИ дар Сурия аз силоҳи кимиёвӣ истифода бурдааст.

Ба гуфтаи Хэрриҷин, зарбаҳои ҳавоие, ки 12 сентябр расонида шуд, самараи хуб доданд.

XS
SM
MD
LG