Ссылки доступа

Аз суратҳисоби пайвандони полковники рус 300 миллион евро пайдо шуд


Дар суратҳисобҳои бонкҳои швейтсарии марбут ба хонаводаи полковники боздоштшудаи ВКД-и Русия Дмитрий Захарченко наздики 300 миллион евро маҳфуз аст. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба мақомоти Русия хабар медиҳанд.

Хадамоти амнияти федеролии Русия ҳуҷҷатҳоеро пайдо кардааст, ки ширкати офшорие ба номи падари Захарченко - Виктор Захарченко сабти ном шудааст. Дар маҷмуъ шаш суратҳисоб пайдо шудааст.

Муовини роҳбари Шуъбаи амнияти иқтисодии ВКД Русия Дмитрий Захарченко, ки тибқи иттилои расмӣ, аз вай "9 миллиард рубл" пайдо кардаанд, рӯзи 10 сентябр боздошт шуд. Вай дар гирифтани пора, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва монеъ шудан ба ҷараёни тафтишот айбдор мешавад.

Баъди боздошти Захарченко вазири корҳои дохилии Русия дар Сарраёсати амнияти иқтисодӣ ва мубориза бо фасод тафтиши хизматӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG