Ссылки доступа

Раъйпурсии Озарбойҷон: фишор ба фаъолон меафзояд


Фаъолони Озарбойҷон аз Ғарб даъват кардаанд, то дар робита ба иқдомҳои ахири мақомоти ин кишвар зидди рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷамъиятие, ки мухолифи баргузории раъйпурсианд, нисбати Боку чора биандешад.

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон пешниҳод кард, то барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвараш, ки муҳлати президентиро дароз ва синни номзадиро поин мебарад, раъйпурсӣ гузаронида шавад. Қарор аст, ин раъйпурсӣ 26 сентябри соли равон баргузор гардад.

Тюркел Керимлӣ, писари мухолифи зиндонии Озарбойҷон Алӣ Керимлӣ 15 сентябр зимни суҳбат бо намояндагони конгресси ИМА гуфтааст, натоиҷи ин раъйпурсӣ тақрибан сохта хоҳад буд ва агар талошҳои ҳукумат барои саркӯби мухолифон дар кишвар идома ёбад, пас хатари нооромиҳои шаҳрвандӣ афзоиш меёбад.

Хадича Исмоилова, рӯзноманигор - тадқиқотгар, ки беш аз як соли умрашро дар зиндон гузарондааст ва аксарият онро барои кораш дар Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар медонанд, мегӯяд, дар маҳбасҳои Озарбойҷон наздики 138 нафаре қарор дорад, ки маҳбусони сиёсӣ шумурда мешаванд.

Исмоилова гуфтааст, миёни онҳо ду рӯзноманигоре ҳам ҳаст, ки монанди ӯ барои таҳқиқи ҳолатҳои коррупсионии марбут ба аъзои хонаводаи президент Алиев ва мансабдорони дигари ҳукумати ин кишвар зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG