Ссылки доступа

Ӯзбекистонро дар СММ вазири корҳои хориҷиаш намояндагӣ мекунад


Ҳайати Ӯзбекистонро дар Маҷмааи умумии СММ, ки дар Ню-Йорки ИМА доир мешавад, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов роҳбарӣ мекунад.

Ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин дар ин сафар дар ҷаласаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ширкат хоҳад кард.

Маҷмааи умумии СММ 13 сентябр ба кори ҷаласаи 71-уми худ пардохт. Роҳбари Ассамбле мегӯяд, ин ҷаласа бояд созмонро ба амалисозии 17 ҳадафи рушди устувори лоиҳаи СММ то сол 2030, наздик биорад.

Маҷмааи умумии СММ мақоми асосии машваратии СММ аст. Ҳамаи кишварҳои узви СММ ҳамзамон шомили Маҷмааи умумӣ ҳастанд. Ҳар кадом кишвар як раъй дорад.

XS
SM
MD
LG