Ссылки доступа

Тазоҳуроти қарздорони ипотека дар Алмаато


Дар Алмаатои Қазоқистон як гуруҳи қарздорони ипотека гирди ҳам омада, талаб доранд, ки шартҳои созишномаашон бо бонк бозбинӣ шавад. Ин гирдиҳамоӣ бо иштироки даҳҳо нафар дар чорроҳаи кӯчаи Казбек-бӣ ва Панфилов, назди бинои АТФБонк оғоз шудааст.

Таҷаммуъгарон талаб доранд, ки фоизи қарз то 1% поин ва ҷадвали пардохти панҷсолаи алтернативӣ пешниҳод карда шавад.

Сулубике Жаксиликова, фаъоли созмони ҷамъиятии "Мардумро бо хона таъмин кунед" мегӯяд, зимни гуфтушуниди имрӯза бо намояндагони АТФБонк дар робита ба мушкили 13 узви созмон - қарздорони бонк ва масоили дигар созиши аввалия ба миён омадааст.

Миёни таҷаммуъгарон қарздорони як қатор бонкҳои дигари Қазоқистон ҳам ҳастанд. Интизор меравад, гирдиҳамоии мазкур соати 6 дар назди бинои намояндагии ширкати "БТА-Ипотека", воқеъ дар чорроҳаи кӯчаи Гогол ва Желтоксан идома ёбад.

Дар доираи барномаи давлатии қарздиҳии Қазоқистон барои харидани манзили зист 130 миллиард танга ҷудода карда шудааст.

XS
SM
MD
LG