Ссылки доступа

Баъди ҳисоби 90%-и бюлетенҳо 6 ҳизби Русия вориди Дума шуд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия мегӯяд, бар пояи натиҷаи наздики 90 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ, "Русияи воҳид" аз рӯи феҳристи ҳизбӣ раъйи беш аз 54%-и интихобкунандагонро соҳиб шудааст. Ҳизби ҳокими Русия ҳамчунин дар ҳавзаҳои якмандатӣ бештари овозҳоро ба даст оварда, намояндаҳои он аз 225 ҳавза дар 223 тоаш пешсафанд.

Ҳизби коммунисти Русия низ бо соҳибии 13,5 %-и оро тавонистааст, вориди Дума шавад. Ҳизби либерал-демократӣ 13,3 % ва "Русияи боадолат" беш аз 6%-и овозҳоро ба даст овардаанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, то дар порлумон курсӣ дошта бошанд.

Аз ҳавзаи якмандатӣ ду ҳизб - "Ватан" ва "Платформаи шаҳрвандӣ"-и Русия соҳиби курсӣ дар Думаи давлатӣ шуда, боқӣ аҳзоб ба порлумон роҳ наёфтанд. Ҳамин тариқ ҳизбҳои мухолифи Русия, "Яблоко" 2% ва Ҳизби озодии мардум (ПАРНАС) 0,7 % раъй ба даст овардаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, иштироки интихобкунандагон камтар аз 50%-ро ташкил медиҳад.

Михаил Касянов, раиси ПАРНАС аз шумори ками иштирокдорон изҳори нигаронӣ карда, дар он мақомотро айбдор кардааст, ки як интихоботи бидуни алтернативу натоиҷаш аз қабл маълум баргузор намуд. "Қонуншиканиҳои рафти интихобот собит сохтанд, ки ҳукумат аз интихоботи шаффофу озод ҳарос дорад", - афзуд Касянов.

Дар ҳамин ҳол, нозирони мустақил низ аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ дар рафти интихоботи 18 сентябри Русия хабар доданд. Онҳо мегӯянд, дар бисёр маврид бюлетенҳои изофӣ партофта шуда, бархеҳо такроран раъй додаанд ва ҳуқуқи нозирону комиссияҳои интихоботиро ҳам поймол кардаанд.

XS
SM
MD
LG