Ссылки доступа

Боздошти Аҳмади 28-сола бо гумони даст доштан дар таркиши Ню-Йорк


Аҳмад Хон Раҳамии 28-сола бо гумони созмон додани таркиши 17 сентябр дар Ню-Йорки Амрико боздошт шудааст.

Пулис ин зодаи Афғонистонро дирӯз дар шаҳри Линдени иёлати Ню-Ҷерси дастгир кардааст.

Қаблан дар ин бора нахуст Билл де Блазио, шаҳрдори Ню-Йорк хабар дода ва баъдан пулис акси ӯро паҳн карда буд.

Шанбеи гузашта дар натиҷаи таркиши бомбаи худсохт дар Челсии Манхэттен 29 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG