Ссылки доступа

Димишқ қатъи низоми оташбасро дар Сурия эълон кард


Хабаргузории SANA-и Сурия изҳороти нерӯҳои мусаллаҳи режими президент Башор Асадро дар бораи қатъи низоми оташбас нашр кардааст.

Дар ин изҳорот омадааст, ки "душманони режими Сурия борҳо низоми оташбасро вайрон карда, аз он барои омодагӣ ба ҳамлаҳои нав истифода карданд".

Ин мавқеи Димишқ ҳамагӣ чанд соат баъд аз изҳороти Сергей Рудской, намояндаи баландпоияи Вазорати дифои Русия эълон шуд. "Вазорати дифои Русия бар ин аст, ки риояи низоми оташбас аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Сурия ба таври якҷониба маъно надорад", - изҳор доштааст Рудской.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Кирби, намояндаи Департаменти ИМА 19 сентябр гуфтааст, ки Вашингтон дар робита ба изҳороти Димишқ шарҳи Москваро интизор аст. "Маҳз Русия масъулияти риоя шудани низоми оташбасро аз сӯи режими Асад ба зимма гирифта буд", - афзудааст Кирби.

Низоми оташбас дар Сурия 12 сентябри соли равон, дақиқтараш баъди анҷоми гуфтушуниди тӯлонии раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии Русияву Амрико дар Женева эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG