Ссылки доступа

СММ: корвони мошинҳои башардӯстонаро дар Ҳалаб бомбаборон карданд


Намояндагони СММ хабар медиҳанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии корвони мошинҳои ёрии башардӯстона 12 нафар кушта, чандин тан маҷруҳ ва 18 мошин осеб дидааст.

СММ ва бахши "Ҳилоли аҳмар"-и Сурия дар мувофиқат бо созишномаи оташбас, ки бо миёнаравии ИМА ва Русия ҳосил шуд, ба ниёзмандон маводи ғизоӣ, дору ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мерасониданд.

Чанде пеш аз ҳамлаи ҳавоӣ артиши Сурия эълон кард, ки созишномаи оташбасро анҷомшуда медонад. ИМА мегӯяд, то кунун дақиқ нест, ки кадоме аз ҷонибҳо ин ҳамларо анҷом додааст.

Ҳавопаймоҳо нахуст мошинҳои борбар ва баъдан табибонро бомбаборон кардаанд. Пештар аз ин корвони мошинҳои СММ боре ҳам аз ҳаво ҳамла нашуда буданд.

Нашрияҳо бо такя ба Қасри сафед менависанд, ки созишномаи оташбаси Русия ва ИМА дар гумон аст, ки барқарор бимонад.

XS
SM
MD
LG