Ссылки доступа

Украина барои овоздиҳӣ дар Қрим парвандаи ҷиноӣ боз кард


Украина дар робита ба баргузории интихоботи порлумонии Русия дар нимҷазираи ғасбшудаи Қрим бо моддаи сӯиқасд ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Қаблан Радаи болоии Украина изҳоротеро дар бораи ғайриқонунӣ донистани интихоботи Думаи давлатии Русия қабул карда буд. Ин лоиҳаро ба порлумон рӯзи душанбе Ҳизби "Фронти халқӣ"-и Украина пешниҳод кард. Дар изҳорот ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки мавқеи Украинаро дар робита ба интихоботи порлумонии Русия ҳимоят кунанд.

Ахиран Вазорати корҳои дохилии Украина бо нашри як изҳорот баргузории интихоботи Русияро дар Қрим маҳкум кард. "Таъсиси нуқтаҳои овоздиҳии интихоботи Русия дар "қисми ҷудонашавандаи қаламрави соҳибихтиёри Украина" нақзи ошкорои меъёрҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст", - омадааст дар изҳороти ВКД Украина.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо низ интихоботи Думаи давлатиро дар нимҷазира эътироф накарданд.

Русия соли 2014 Қримро ғасб кард. Киев ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани ин нимҷазираро ба Русия қабул надоранд ва онро ҷузъи қаламрави Украина медонанд.

XS
SM
MD
LG