Ссылки доступа

Поин бурдани нархи маҳсулот дар бозорҳои Ангрен пеш аз сафари Мирзиёев


Дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, сарвазир ва президенти муваққати Ӯзбекистон ба шаҳри Ангрени ин кишвар садҳо корманди муассисаҳои буҷавӣ ва хонандагони мактабу колеҷҳо ба рӯбучини дастаҷамъии шаҳр сафарбар шудаанд.

Садҳо одам се рӯз зери назорати муҳофизони махсус шаҳрро тоза кардаанд. Ба ҷуз ин, нархи маҳсулотро дар бозорҳои Ангрен то 20-25 дарсад поин бурдаанд.

Мирзиёев дар ҷараёни ин сафараш аз минтақаи махсуси саноатии "Ангрен", маркази гармидиҳӣ ва деҳқонбозори шаҳр боздид кардааст.

Бино ба хабарҳо, қаблан низ дар арафаи сафари раҳбарияти давлат ба ин ё он минтақаи Ӯзбекистон нархи маҳсулотро маъмурияти бозорҳо якбора поин мебурданд. Вале баъди рафтани президент боз дубора нархҳо ҷойи худро мегирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов 2 сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ даргузашт. Ҳафтаи гузашта Ҳизби либерал-демократии ин кишвар номзадии Шавкат Мирзиёеви 59-соларо ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи декабр пешниҳод кард.

XS
SM
MD
LG