Ссылки доступа

Ӯзбекистон мехоҳад, чархболаш дар ҷазирақаламрави Сох фуруд ояд


Намояндагони марзбонии Ӯзбекистон аз ҷониби Қирғизистон дархост кардаанд, ки як чархболашон дар ҷазирақаламрави Сох фуруд ояд. Сох - хоки Ӯзбекистон аст, ки дар ҳудуди Қирғизистон боқӣ мондааст.

Тавре ҷониби Ӯзбекистон хабар медиҳад, ин чархбол низомии ӯзбекро, ки дар садамаи мошин ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин қарор дорад, интиқол хоҳад дод.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки чархболи Ӯзбекистон иҷозаи фуруд омаданро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG