Ссылки доступа

Анҷумани дувуми ҷудоихоҳони ҷаҳон дар Москва


Дар шаҳри Москваи Русия конфронси дувуми ҷудоихоҳони ҷаҳон баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш намояндагони Техас, Калифорния, Ирландияи Шимолӣ, вилояти Каталонияи Испания, Шотландия ва минтақаҳои дигар иштирок кардаанд.

Конфронси мазкурро "Ҳаракати зидди ҷаҳонишавии Русия", ки аз сӯи Кремл маблағгузорӣ мешавад, баргузор кардааст. Миёни аъзои фахрии ҳаракат Башор Асад, президенти Сурия ва ҳамтои пешини эрониаш Маҳмуд Аҳмадинажод ҳам ҳаст.

Барои баргузории конфронси ҷудоихоҳони ҷаҳон гранти президентӣ дар ҳаҷми 3,5 миллион рубл ҷудо шудааст. Анҷумани нахустини ҷудоихоҳон моҳи сентябри соли 2015 дар Москва баргузор шуда буд. Дар он намояндагони ҷудоихоҳони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск низ иштирок доштанд.

Дар Кодекси ҷиноии Русия барои даъват ба нақзи тамомияти арзии ин кишвар то 4 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG