Ссылки доступа

Карол Папп ҳадафи таркиши марказии Будапештро эълон кард


Ҳадафи таркиши шаби шанбе ба якшанбе дар Будапешт кормандони пулис буданд, гуфтааст, Карол Папп, сардори пулиси Маҷористон.

Пулис навори дурбинҳои назоратии макони ҳодисаро таҳқиқ кардааст. Ба гуфтаи Папп, марди гумонбар 20 сол дошта, барои кофткоби ӯ садҳо корманди пулис сафарбар ва ба раванди тафтишот маркази зиддитеррористии ин кишвар ҷалб шудааст.

Таркиши мазкур дар яке аз минтақаҳои серодами Будапешт рух дод. Маводи тарканда пур аз мех буда, дар натиҷаи инфиҷори он ду корманди пулис захмӣ шудаанд. Ангезаи ин амал ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG