Ссылки доступа

Бишкек расман вазъи саломатии Отамбоевро шарҳ дод


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон табобаташро дар Беморхонаи клиникии марказии Москваи Русия (БКМ) идома медиҳад.

Дар ин бора дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар дода, афзудааст, ки табибон беҳбуди саломатии ӯро назаррас ва вазъашро қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Отамбоев зери парастории табибони БКМ, ки қаблан ӯро ташхис ва қалбашро табобат карда буданд, қарор дорад. Ба раванди табобати қалби президенти Қирғизистон профессор Ревишвили А.Ш., академики АУТР ҷалб шудааст.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, феълан ҳолати тапиши номунтазами қалби Отамбоевро пурра аз байн бурдаанд.

Вазъи сиҳатии Алмосбек Отамбоев 19 сентябри соли равон дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул, ки аз онҷо ҳайати Қирғизистон бояд ба Ню-Йорк сафар мекард, бад шуда, бистарӣ гардид ва баъдан бо дархости ҷониби Русия барои идомаи табобаташ ба Москва сафар кард.

XS
SM
MD
LG