Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати атфол дар пахтазор расман манъ шуд


Вазорати меҳнати Ӯзбекистон расман хабар додааст, ки дар ин кишвар конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат (СБМ)-ро ба имзо расонидаанд. Ин конвенсия истифодаи меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати кӯдаконро манъ мекунад.

Дар хабари вазорати меҳнати он кишвар омадааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқашон ба телефони боварӣ тамос бигиранд.

Дар Ӯзбекистон маъракаи густардаи фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз истифодаи меҳнати кӯдакон идома дорад.

Созмонҳои муътабари байналхалқӣ борҳо шикоят карданд, ки дар ин кишвар аз меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати кӯдакон ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахта истифода мешавад.

Омӯзгорон, табибон, кормандони дигари соҳаи буҷавӣ бо таҳдиди ронда шудан аз ҷои кор, ба ҷамъоварии маҷбурии ҳосили пахта фиристода мешаванд. Ба иттилои созмонҳо, ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии пахта бештар аз 2 миллион афроди калонсон ва хонандагони мактаб дар Ӯзбекистон ба саҳрои пахта ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG