Ссылки доступа

Президенти пешини Исроил Шимон Перес вафот кард


Шимон Перес, президенти пешини Исроил субҳи рӯзи чаҳоршанбе вафот кард.

Переси 92-сола, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз 13 сентябр ба ин сӯ дар бемористон бистарӣ буд. Вай ду ҳафта пеш гирифтори сактаи мағзӣ шуда буд.

Перес аз соли 2007 то 2014 президенти Исроил буд. Вай ҳукумати ин кишварро дар солҳои 1995-96 низ роҳбарӣ карда буд.

Дар замони вазири корҳои хориҷии Исроил буданаш, Перес соли 1992 бо роҳбари Созмони озодии Фаластин Ёсир Арафот гуфтугӯи махфӣ анҷом дод. Ин гуфтугӯ боиси имзои созишномаи Осло шуд.

XS
SM
MD
LG