Ссылки доступа

Раҳоии рӯзноманигори олмонӣ аз дасти ҷангиёни "Ҷабҳат ун-Нусра"


Янина Финдайзен, рӯзноманигори олмонӣ, ки як соли охир дар асорати тундравон буд, раҳо шудааст.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Олмон, вай феълан дар Туркия аст ва барои бозгашт ба ватанаш омодагӣ мебинад.

Тавре расонаҳои олмонӣ иттилоъ медиҳанд, Янина Финдайзенро ҷангиёни гуруҳи террористии "Ҷабҳат ун-Нусра" моҳи откябри соли 2015 гаравгон гирифта, бар ивази раҳоияш 5 миллион евро талаб карда буданд. Вай ҳангоми дар асорат буданаш фарзанд таваллуд кардааст.

Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия то ҳол наздики 200 рӯзноманигор кушта шудааст. Ба ҷуз ин, беш аз 50 тани дигар дар зиндон ё асорати ҷангиён ҳастанд.

XS
SM
MD
LG