Ссылки доступа

Киев: рӯзноманигори боздоштшуда дар Москва ҷосус нест


Раёсати иктишофии Вазорати мудофиаи Украина бо нашри як изҳорот гуфтааст, рӯзноманигор Роман Сушенко, ки ахиран дар Москва бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Киев дастгир шудааст, корманди ин ниҳод нест.

Ин амал як "сохтакории навбатӣ" аст, - гуфтаанд масъулoни хадамоти матбуотии ниҳоди мазкур дар суҳбат бо РИА Новости.

Рӯзи душанбе Хадамоти федеролии амнияти Русия (ХФА) аз боздошти Сушенко хабар дод. Мақомоти махсуси Русия иддао доранд, ки рӯзноманигор полковники хадамоти иктишофии Украина буда, дар Москва бо ҷамъоварии маълумоти махфӣ машғул буд.

"Феълан Сушенко дар боздоштгоҳи муваққатии "Лефортово" қарор дорад", – афзудааст ХФА. Рӯзноманигор 1 октябри соли равон бо ҳукми додгоҳ ду моҳ ҳабс шуда, консули Украина дар Москваро нагузоштаанд, ки бо ӯ мулоқот кунад.

Вазорати корҳои дохилии Украина дар робита ба боздошти беасоси шаҳрванди кишвараш дар Москва эътирози ҷиддӣ баён карда, хабаргузории "Укринформ" низ дастгир шудани Сушенкоро "ҳангомаи тарҳрезишуда" хонд. Дар изҳороти хабаргузорӣ таъкид шудааст, ки Роман Сушенко корманди ин расона дар Фаронса аст ва ҳангоми дар рухсатии меҳнатӣ буданаш бо ҳадафҳои шахсӣ ба Москва рафтааст.

Қаблан аз боздошти Сушенко "Русияи боз" бо истинод ба Зоя Светова, узви комиссияи ҷамъиятию назоратии Москва ва ҳомии ҳуқуқ хабар дода буд. Рӯзноманигор дар суҳбат бо ин ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, ки 30 сентябр дастгир шуда, ба ӯ фишори равонӣ овардаанд ва иҷозат надодаанд, ки бо ҳамсараш тамос гирад.

Николай Полозов, вакили мудофеъ мегӯяд, боздошти хабарнигори украиниро метавон одамрабоӣ хонд. Вай зимни суҳбат бо телевизиони "112Украина" гуфтааст, ҳангоми дастгир шудани Сушенко меъёрҳои байналмилалӣ нақз ва аз боздошти рӯзноманигор консули Украина ва ҳамсари журналист огаҳ карда нашудаанд.

XS
SM
MD
LG