Ссылки доступа

Нафткашони қазоқ гуруснашинӣ эълон мекунанд


Кормандони ширкати нафти "Бургилау" дар Жанаозени Қазоқистон, ки бо талаби афзоиши маош ва беҳбуди шароити кор чанд моҳ аст, эътироз доранд, мегӯянд, гуруснанишинӣ эълон хоҳанд кард.

Нафткашони норозӣ дар номае ба ҳокимияти шаҳр аз тасмими худ хабар доданд. Ба гуфтаи Бекарис Толесинов, яке аз кормандони "Бургилау", зери ин номае, ки ба унвони Елубой Абилов, ҳокими Жанаозен ирсол шудааст, 150 нафар имзо гузоштаанд.

Рахмет Хайруллоев, раиси ширкати KazPetroDrilling (саҳомдори асосии "Бургилау") зимни ҷаласа гуфтааст, ки музди кормандони "Бургилау" пешпардохт шуда, ҳамчунин як маоши иловагӣ марти соли 2017 дода мешавад.

Хайруллоев афзудааст, ки коргарон дар мавриди талаби қатъи парвандаи ҷиноӣ зидди раҳбари иттифоқи касабаи ширкат Садуакас Беккалиев, дастрасии ӯ ба утоқи корӣ ва боз шудани ҳисоби иттифоқ бояд ба додситонӣ муроҷиат кунанд. Беккалиев ба дуздии моликияти ширкат айбдор мешавад.

Ширкати "Бургилау" 1 октябри соли равон ба додгоҳи Жанаозен муроҷиат карда, хост тазоҳуроти кормандонашро ғайриқонунӣ эълон кунад. Додгоҳ низ қарор кард, ки гирдиҳамоии 30 сентябр ва 1 октябри соли равон ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG