Ссылки доступа

Дар соҳили Италия шаш ҳазор муҳоҷир наҷот дода шуд


Хадамоти соҳилбонии Италия мегӯяд, зиёда аз шаш ҳазор муҳоҷирро, ки дар 39 қаиқ ба соҳили Аврупо шино мекарданд, аз марг наҷот додаанд. Ба иттилои ин хадамот, дар наздикии ҷазираи Лампедузаи Италия 9 муҳоҷир фавтида, як зани ҳомила дар бемористон бистарӣ шудааст.

Наҷоти муҳоҷироне, ки 3 октябр ҷони онҳо ҳифз карда шуд, дар чанд моҳи охир яке аз амалиёти калонтарин унвон шудааст.

Хабар дода мешавад, ки наҷотдиҳандагон аз як қаиқи резинӣ 725 муҳоҷирро берун овардаанд.

Наздики се сол пеш дар наздикии ҷазираи Лампедуза як киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуд, ки дар натиҷа 386 муҳоҷир ҷон бохт. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, аз ибтидои соли ҷорӣ 132 ҳазор муҳоҷир ба соҳили Италия расида ва наздики 3 ҳазори дигар дар роҳи баҳрӣ фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG