Ссылки доступа

Сокинони як хобгоҳи садамавӣ дар Қазоқистон намехоҳанд кӯч банданд


Сокинони як хобгоҳи садамавӣ дар шаҳри Оқсойи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ намехоҳанд аз хобгоҳи садамавӣ кӯч банданд. Онҳо аз манзили муваққатие, ки ҳукумат барояшон муҳайё кардааст, норозӣ ҳастанд.

Онҳо дар биное, ки ба қоидаҳои зидди сухтор ва меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ нест, мехоҳанд зиндагиашонро идома диҳанд.

Намояндаи ҳукумат ба сокинони хобгоҳи садамавӣ ваъда додааст, ки дар иваз ба онҳо хобгоҳи дигар хоҳанд дод.

Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, хобгоҳи садамавӣ мумкин аст дар ҳар лаҳза фурӯ резад. Дар ин бино 76 хонавода, ки 200 нафарро ташкил медиҳанд, истиқомат мекунанд.

XS
SM
MD
LG