Ссылки доступа

Дар Туркманистон Рӯзи ёдбуд таҷлил мешавад


Дар Туркманистон бахшида ба қурбониёни заминларзаи соли 1948 дар Ишқобод ва туркманҳое, ки дар ҷангҳо кушта шуданд, Рӯзи ягонаи ёдбуд таҷлил мешавад.

Дар саросари кишвар парчамҳои давлатӣ пойин оварда шуда, дар масҷид ва калисоҳо маросимҳои ёдбуд баргузор шудааст. Чорабинии асосӣ дар Ишқобод дар майдони "Хотираи мардум" доир мешавад.

Дар ин майдон баъди маросимҳои расмӣ зиёфати оши худоӣ низ дар назар аст.

Дар Ишқобод шаби 6 октябри соли 1948 заминларза рух дода, 98 дарсади шаҳрро хароб кард. Бино бар маълумоти мавҷуда, дар он заминларза аз 198 ҳазор сокин 176 ҳазорашон фавтиданд.

XS
SM
MD
LG