Ссылки доступа

Қатъи эътирози нафткашҳои Қазоқистон дар Жанаозен


Кормандони ширкати нафти "Бургилау" дар Жанаозени Қазоқистон, ки бо талаби афзоиши маош ва беҳбуди шароити кор тайи як ҳафтаи ахир эътироз доштанд, субҳи 6 октябр ба кор баромадаанд.

Ба гуфтаи ҳокими вилояти Жанаозен Алик Айдарбоев, зимни мулоқоти рӯзи чоршанбе бо фаъолони коргарон миёни ширкатҳои "Оземунайгаз" ва "Бургилау" барои кофтани боз 34 чоҳи дигар то охири соли равон ба маблағи 6 миллиард танга (беш аз 18 миллион доллари ИМА) созишномаи иловагӣ ба имзо расидааст.

"Ин то ба охири сол кофӣ аст. Системаи ягонаи пардохти моҳона ҳуҷҷати дохилии ширкати "КАзМунайГаз" аст. Ҳамроҳ бо ҳаҷми кор тарофаҳо низ баланд бардошта мешавад. Ҳисобот наздики ду ҳафта идома карда, баъди он "Бургилау" системаи пардохти худро аз нав ҳисоб мекунад", - гуфтааст ҳоким.

Айдарбоев афзуда, ки раиси иттифоқи касабаи интихобнамудаи коргарон фаъолиятро шуруъ мекунад. Ба гуфтаи вай, ҷазои шартии муайянкардаи додгоҳ нисбати раиси иттифоқ Садуакас Беккалиев ва маҳдудияти фаъолияти ӯ дар доираи созишномае бо корфармо ба чаҳорчӯб дароварда хоҳад шуд.

Рӯзи 30 сентябри соли равон коргарони "Бургилау" бо талаби афзоиши маош ва беҳбуди шароити корӣ даст ба корпартоӣ заданд. Онҳо ҳамчунин хостанд, то маоше, ки барои корҳои изофӣ дар давраи аз соли 2014 то соли 2016 муайян шуда буд, пардохт ва фишорҳо зидди раҳбарияти иттифоқи касабаи интихобкардаашон қатъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG