Президент бо Никлаус дар мавзуи сохтани майдони голфбозӣ дар Ишқобод ва баргузории ин навъи варзиш дар Туркманистон суҳбат кардааст.
Бердимуҳаммадов гуфтааст, "ин навъи варзиш яке аз шуғлҳои маъруф дар ҷаҳон аст, ки новобаста аз синну сол ва сардиву гармӣ мешавад бозӣ кард".