Ссылки доступа

Додрас сабти видеоии мурофиаи Азимҷон Аскаровро манъ кард


Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон имрӯз ба баррасии парвандаи Азимҷон Аскаров идома дод. Тавре қаблан гуфта шуд, мурофиаҳо ҳар рӯзи сешанбе дар бинои Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.

Додситон пеш аз оғози мурофиа аз додрас хостааст, ки сабти видеоии муҳокимаи парвандаи Аскаровро манъ кунад. Зеро бархе аз расонаҳои хабарӣ мурофиаи гузаштаро ба таври онлайнӣ мустақиман аз толори додгоҳ намоиш додаанд, ки ба гуфтаи вай, ин кор метавонад ба кори додгоҳ таъсири манфӣ расонад.

Додрас баъди шунидани назари ҷонибҳо сабти видеоиро манъ карда, аз наворбардорон хостааст, ки толорро тарк кунанд. Имрӯз дар доираи парвандаи Аскаров ҷабрдидаҳо, шоҳидон ва айбдоршаванда ба саволҳо ҷавоб гуфта, баъдан додрас ба хонаи машваратӣ хоҳад рафт.

Аскаров дар ноҳияи Бозор-Қурғон ба фаъолияти вакилӣ машғул буд. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Қирғизистон вай бо айби ташкили бетартибиҳо ва ҳамдастӣ дар қатли корманди пулис боздошт шуд.

Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ Аскаров ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Моҳи апрели соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи СММ аз ҳукумати Қирғизистон хост, Аскаровро аз зиндон раҳо ва айбҳояшро бекор кунад. 12 июл Додгоҳи олии он кишвар қарор кард, ки парвандаро барои бозбинӣ ба додгоҳи вилояти Чуй баргардонад.

XS
SM
MD
LG