Ссылки доступа

Обама аз нақшаи парвози инсон ба Миррих ҳикоят кард


"Қадами навбатии омӯхтани кайҳон ин фиристадони одам ба сайёраи Миррих ва баргардонидани вай ба Замин аст. Дар оянда - ҳузури бардавоми инсон дар Миррих дар назар аст", - президенти ИМА Барак Обама ояндаи таҳқиқоти кайҳониро чунин тасвир кардааст. Ин мақолаи Обама дар сомонаи телевизиони CNN нашр шудааст.

Дар бораи парвоз ба сайёраи Миррих Обама ҳанӯз дар ибтидои даврони президентиаш хабар дода буд. Акнун президенти ИМА мегӯяд, барои парвози байни сайёраҳо ҳам талоши давлат ва ҳам талоши ширкатҳои хусусӣ зарур аст. Давоми ду соли оянда ширкатҳои кайҳоннавардӣ бори аввал кайҳоннавардонро ба Миррих хоҳанд фиристод.

Қадами навбатӣ, бино бар тарҳрезии президенти ИМА, "ташкили минтақаи сунъӣ барои ҳузури давомдори инсон, ки битавонад ба зиндагии дур аз замин одат кунад" хоҳад буд.

Ширкатҳое монанди SpaceX, Blue Origin ва Orbital ATK ба парвозҳои тиҷории кайҳонӣ машғуланд. Ахиран мудири кулли ширкати Boeing Деннис Мюлленбург гуфтааст: "Ман бовар дорам, нахустин одаме, ки ба Миррих пой мегузорад, дар баргашт бо мушаке, ки ширкати мо сохтааст, ба замин фуруд хоҳад омад".

XS
SM
MD
LG