Ссылки доступа

Таҳдиди муҳоҷирон дар Екатеринбург: тазоҳурот мекунем (видео)


Як гуруҳ аз муҳоҷирони кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, натавонистаанд, ки аз як ширкати сохтмонӣ дар Екатеринбург пули корашонро гиранд. Муҳоҷирон ба ин ширкат як ҳафта муҳлат додаанд, то мушкили онҳоро мусбат ҳал кунад, вагарна даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

Ширкати сохтмонии "Екатеринбургская градостроительная компания" моҳи дувум аст, ки ба муҳоҷирон маош намедиҳад. Баъд аз таҳдиди муҳоҷирон дар мавриди эътироз, мақомот ба таҳқиқи ин қазия пардохтаанд.

Мирсодиқ Мамадов, як муҳоҷир мегӯяд, аз бекорӣ қарздор шудааст ва ҳар рӯз соҳибони пул маблағи додаашонро бо фоиз ё баҳрааш мепурсанд. "Ман қарздор шудаам. Бояд қарзи гирифтаамро баргардонам. Ба ман таҳдид мекунанд. Фоизҳо зиёд шудааст", - мегӯяд ӯ.

В Екатеринбурге мигранты угрожают забастовкой
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:46 0:00

Хуршед Ғафуров, нафари масъуле, ки гуруҳи муҳоҷиронро барои кор дар ширкати сохтмонии "Екатеринбургская градостроительная компания" бурдааст, гуфт, аз рӯи ҳисоби онҳо ширкат 7 миллион рубл қарздор аст. Ӯ мегӯяд, "Екатеринбургская градостроительная компания" ширкати ӯро, ки аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Шӯравии собиқ ташкил шудааст, барои анҷоми корҳои пардозгарӣ дар бинои навбунёд ҷалб карда буд.

Александр Широченко, мудири ширкати "Екатеринбургская градостроительная компания", гуфт, "мо ба ӯ пешниҳод кардем, ки баҳс бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шавад. Аммо вай розӣ нашуд. Мо ба додгоҳ нисбат ба ӯ барои сари вақт ва бо сифат анҷом надодани кор шикоят намудем".

XS
SM
MD
LG