Ссылки доступа

Путин айбномаи ҷинояти ҷангӣ дар Сурияро суханбозӣ номид


Владимир Путин, президенти Русия айбномаи ҷинояти ҷангӣ дар Сурияро "шиорҳои сиёсӣ" номид. Ҳавопаймоҳои низомии Русия шаҳри Ҳалабро бомбаборон ва назорати ин шаҳрро ба ихтиёр гирифтанд.

Путин дар мусоҳибае, ки 12 октябр нашр шуд, гуфтааст, ки ин айбномаи мазкур "ҳодисаҳои воқеии Сурияро ба эътибор нагирифтааст". Путин дар мусоҳиба бо хабарнигорони телевизиони фаронсавии TF1 афзудааст: "ман амиқан бовар дорам, ки масъулияти ҳодисаҳои Сурия пеш аз ҳама бар дӯши шарикони ғарбӣ ва дар навбати аввал бар дӯши ИМА аст".

Роҳбари Русия гуфтааст, Москва дар Сурия бо "террористон" меҷангад. "Террористон"-е, ки пушти сокинони осоиштаи шаҳри Ҳалаб паноҳ бурдаанд.

Путин афзудааст, Фаронса маҷбур сохтааст, ки Москва ба қатъномаи СММ дар бораи Сурия вето гузорад. Ҳафтаи гузашта Русия қатъномаи СММ дар бораи Сурияро рад кард. Русия мегӯяд, дар он қатънома пешниҳоди ин кишвар ба назар гирифта нашудааст.

Кишварҳои Ғарбӣ мегӯянд, ветои Русия нишон дод, ки Москва ҳавасманд нест, то ҷангу хушунат дар Сурия поён ёбад. Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ баъди танқидҳои президенти Фаронса Франсуа Олланд аз амалҳои Русия дар Сурия, Путин аз сафари Фаронса даст кашид.

XS
SM
MD
LG