Ссылки доступа

Талоши Тоҷикистону Русия ба "эҳё"-и робитаҳои иқтисодӣ


Ҳамоиши байнипорлумони Тоҷикистону Русия дар ҳоле баргузор мешавад, мизони вуруди сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар соли 2015 дар муқоиса ба соли қаблӣ ҳаҷми ин сармояҳо тахминан 24 дарсад кам шудааст.

Дар ҳамоиши панҷуми байнипорлумонии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон матраҳ гардид.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, бо вуҷуди бӯҳрон, зарурат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар ва ҳалли мушкилоти муҳоҷират вуҷуд дорад. Вай бо изҳори таассуф гуфт, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия коҳиш меёбад ва ҳоло вазифаи Комиссияи байнидавлатии ин ду кишвар ин аст, ки роҳҳои зинда кардани ин ҳамкориҳоро то соли 2018 пайдо кунад.

Матвиенко афзуд, ки Тоҷикистон омодагии худро барои фурӯши меваю сабзавот дар бозори Русия иброз кардааст ва Русия низ манфиатдор аст, ки шароити содироти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Русия “бе миёнарав” ба роҳ монад.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лисовский, муовини раиси кумитаи агарарии Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, меваю сабзавоти Тоҷикистон бо ин ки сифатан хуб аст, вале ҷавобгӯи талаботи технологии транзити моли кишоварзӣ нест. Лисовский меафзояд, дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои содироти моли Тоҷикистон гузаргоҳе боз шуда, масъалаи тафтиши молҳои ин кишвар дар марзҳо аз миён хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG