Ссылки доступа

Шотландия мехоҳад, барои истиқлолият бори дувум раъйпурсӣ баргузор кунад


Ҳукумати Шотландия барои баргузории раъйпурсии такрории истиқлолхоҳӣ бори дувум лоиҳаи қонун омода мекунад. Дар ин бора раиси ҳукумати Шотландия Никола Стерҷен хабар додааст.

Ба гуфтаи Стерҷен, лоиҳаи қонун ҳафтаи оянда муаррифӣ хоҳад шуд. "Ман қатъиян бовар дорам, ки Шотландия қодир аст бори дигар масъалаи истиқлолхоҳиашро баррасӣ кунад. Ин кор бояд то хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо сурат бигирад", - афзудааст Стерҷен.

Пештар аз ин сарвазири Бритониё Тереза Мэй гуфта буд, ки кишвараш расман то охири моҳи марти соли 2017 гуфтугӯи бурунрафт аз Иттиҳоди Аврупоро шуруъ мекунад. Ҳангоми раъпурсии маъруф ба Brexit 62 дарсади шотландиҳо гуфтанд, хилофи хориҷшавӣ аз ИА ҳастанд. Аммо сарфи назар аз ин, аксари шотландиҳо намехоҳанд барои мустақилият пайдо кардан аз Бритониё раъйпурсии такрорӣ баргузор шавад.

Раъйпурсии нахустини истиқлолхоҳии Шотландия моҳи сентябри соли 2014 барпо шуда буд. Дар он раъпурсӣ 55,3% шотландиҳо зидди ҷудо шудан аз Бритониё раъй дода буданд.

XS
SM
MD
LG