Ссылки доступа

Керрӣ ва Ҷонсон вазъи Сурияро баррасӣ карданд


Зимни мулоқоти Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА бо ҳамтои бритониёияш Борис Ҷонсон дар Лондон аз Русия даъват шудааст, ки ба қатъи даргириҳо дар Сурия мусоидат кунад.

Ҷонсон баъди дидораш бо Керрӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки Вашингтон ва Лондон идомаи фишорҳо ба Асад ва ҳампаймононашро ҳаётан муҳим медонанд. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Бритониё, омилони ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Сурия бояд ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ кашида шаванд.

Ҷонсон изҳор умед кардааст, ки фишорҳо Асад ва ҳампаймонони ӯро водор месозанд, то сари амалҳои минбаъдаашон фикр кунанд. "Кишварҳои Аврупо майли дахолат кардан ба ҷангҳои Сурияро надоранд", - афзудааст вазири корҳои хориҷии Бритониё.

Борис Ҷонсон гуфтааст, ки ба пирӯзии режими Асад ҳамроҳ бо ҳампаймони русаш дар ҷангҳо ё ғасби пурраи Ҳалаб шубҳа дорад. Вай аз Русия ва Эрон даъват кардааст, ки талошҳои ҳалли низоъ дар Сурияро раҳбарӣ кунанд.

Ҷон Керрӣ тасдиқ кардааст, ки ИМА ва ҳампаймононаш дурнамои таҳримҳои нав дар робита ба Сурияро меомӯзанд. Аммо вай дақиқ нагуфтааст, ки ин таҳримҳо зидди Русия ё кишварҳои дигар низ эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG