Ссылки доступа

Токио ва Москва эҳтимоли идораи якҷояи ҷазираҳои Курилро баррасӣ намекунанд


Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон эҳтимоли онро ки Токио ният дорад ба Москва пешниҳод кунад, то ҷазираҳои баҳсии Курил дар якҷоягӣ идора шаванд, рад кард.

Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Ҷопон мегӯяд, мавқеи аввалияи Ҷопон дар ин масъала тағйир наёфтааст: Токио барои ҳалли масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани чаҳор ҷазираи баҳсӣ бо Русия шартнома хоҳад баст.

Пештар аз ин нашрияҳои ҷопонӣ навиштанд, ки сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ мехоҳад, бо президенти Русия Владимир Путин имкони идораи муштараки ҷазираҳои Курилро баррасӣ кунад.

Бори охир роҳбарони Русияву Ҷопон дар ин мавзуъ ибтидои моҳи сентябр гуфтугӯ карданд. Он замон сарвазири Ҷопон аз Путин даъват кард, ки барои ҳалли масъала роҳе пайдо кунад. Путин гуфт, Русия ният надорад, ҷазираҳоро ба Ҷопон бифурӯшад ва ё бо шеваи дигар дар ихтиёраш бигузорад.

Баҳси чаҳор ҷазираи маъруф ба Курил, ки СССР дар поёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз Ҷопон гирифта буд, муносибатҳои Русияву Ҷопонро чандин даҳсола тира кардааст.

XS
SM
MD
LG