Музаффар Юнусов, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ин ҳайат тайи ду рӯз ба шаҳрҳои Хуҷанду Исфара сафар карда, бо корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ, ширкату муассисаҳои фарҳангӣ шинос шудаанд.
Ҳамчунин аз Қасри Арбоб, маҷмаи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дидан карда, ба пояи пайкараи Камоли Хуҷандӣ гул гузоштанд. Шоми якшанбе дар як маҳфили ширу шакари фарҳангӣ дар хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ иштирок карданд, ки он ҷо шеъру таронаҳо ба забони тоҷикиву ӯзбекӣ садо дод.
Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, аз рӯҳияи дидору сӯҳбатҳо эҳсос мешуд, ки ҳам ҷониби Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон ташнаи наздиктар шудани робитаҳои дуҷонибаанд.