Ссылки доступа

Додгоҳи ҳамлаи Оқтеппа пушти дарҳои баста баргузор мешавад


Муҳокимаи додгоҳии парвандаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Оқтеппа, ки рӯзи 5 июн сурат гирифт, пушти дарҳои баста баргузор мешавад. Муҳокимаи 29 айбдоршавандаи парвандаи мазкур дар додгоҳи махсуси байнишаҳрӣ доир мешавад.

Дар бинои додгоҳ чораҳои амниятӣ сахттар шуда, ҳудуди додгоҳро кормандони пулис иҳота кардаанд. Намояндагони расонаҳо рафти муҳокимаро аз толори алоҳида мушоҳида мекунанд.

Дар доираи ин парванда 29 айбдоршаванда муҳокима мешавад. 9 нафар бо айби даст доштан дар терроризм, 18 тани дигар бо айби хабар надодан аз ҷараёни омодашавии ҳамла ва ду тан бо айби пинҳон кардани ҷинояткорон ба додгоҳ кашида шудаанд.

27 вакили дифоъ аз ҳуқуқи айбдоршавандаҳои ҳимоят мекунанд. Дар доираи ин парванда 88 нафар ҳамчун даъвогар ширкат карда, 48 тани дигар шоҳидӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG